Вы здесь

ТАРТИБИ ТАҚРИЗДИҲӢ БА МАҚОЛАҲОИ ИЛМИЕ, КИ БА МАҶАЛЛАИ ИЛМИИ «ПАЁМНОМАИ ФАРҲАНГ» БАРОИ ЧОП ПЕШНИҲОД МЕГАРДАНД

Мақолаҳои илмие, ки барои чоп ба маҷалла пешниҳод мегарданд, аз ташхиси пешакӣ гузаронида мешаванд (ташхис аз ҷониби аъзои ҳайати таҳририя – мутахассисони соҳа анҷом дода мешавад) ва сипас дар доираи тартиботи ҷорӣ барои чоп қабул мегарданд. Талабот барои тартиб додани шакли ниҳоии матни мақола дар ҳар як шумораи маҷалла чоп карда мешавад.

Ҳангоми қабули шакли дастнависи мақола, корбарони маҷалла доир ба мундариҷа ва риояи талаботи асосӣ ба муаллиф хабар медиҳанд. Норасоиҳое, ки дар мақола ҷой доранд, то оғози ташхис аз ҷониби муаллиф бояд бартараф карда шаванд. Сипас мақолаи илмӣ, дар доираи талаботи ҷорӣ, барои ташхис ба аъзоёни ҳайати таҳририя ва ё мутахассисони соҳа (номзадҳо ва докторони илм) равон карда мешавад.

Дар тақриз бояд хусусиятҳои муҳимми мақола асоснок карда шаванд. Аз ҷумла, навоварии илмӣ, муҳиммияти омӯзиши масъала, арзиши таърихӣ ва фактологии мақола, дурустии иқтибосҳои нишондодашуда, услуби матн, истифодаи адабиёти солҳои охир ва камбудию норасоиҳои мақола. Дар охири тақриз ба мақола баҳои умумӣ дода мешавад ва ба ҳайати таҳририя дар мазмунҳои зерин хулосаи муқарриз пешниҳод мегардад: ба чоп тавсия карда шавад; баъди ислоҳи камбудиҳо ба чоп тавсия карда шавад; барои тақриз иловатан ба мутахассиси дигари масъалаи дахлдор фиристода шавад; барои чоп тавсия карда намешавад. Ҳаҷми тақриз бояд аз як саҳифа кам набошад.

Мақолаҳои илмии барои чоп қабулгардида, аммо ба тағйирот ниёздошта, бо нишон додани тавсияҳои муқарриз ва муҳаррир ба муаллифон фиристода мешаванд. Муаллифон бояд камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намуда, шакли ниҳоии матни чопӣ ва электронии мақоларо бо дастхати пештарааш ба маҷалла пешниҳод намоянд. Баъди ислоҳи камбудиҳо мақолаи илмӣ такроран барои тақриз супорида мешавад ва сипас аз ҷониби ҳайати таҳририя барои чопи он иҷозат дода мешавад.

Мақолае, ки ба он тақризи мусбат дода шуда, чопи он аз тарафи ҳайати таҳририя ҷонибдорӣ гардидааст, барои нашр қабулгардида ба ҳисоб меравад.

Раванди тақриздиҳӣ ба мақолаҳои дастнавис ошкоро сурат намегирад. Паҳн намудани хабар дар бораи раванди тақриздиҳии мақолаи дастнавис боиси поймол гардидани ҳуқуқи муаллиф мегардад. Муқарризон барои нусхабардорӣ намудани матни мақола ва истифодаи он барои эҳтиёҷоти худ ҳуқуқ надоранд.

Муқарризон, инчунин аъзоёни ҳайати таҳририя то нашри мақола иттилооти дар матни мақолаи дастнавис ҷойдоштаро ба манфиати худ истифода карда наметавонанд. Тақризҳо дар идораи маҷалла ба муддати то 5 сол нигоҳдорӣ мешаванд.

Идораи нашрия ҳангоми дархости дахлдор нусхаҳои тақризҳоро ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамояд.

Theme by PiTfi