НАҚШИ РӮЗНОМАИ «ОВОЗИ ТОҶИК» ДАР ИНЪИКОСИ МАСЪАЛАҲОИ ТАҚСИМОТИ ҲУДУДИ МИЛЛӢ

Дар мақола яке аз мавзӯъҳои хеле муҳим ва воқеан тақдирсози таърихи халқи тоҷик дар ибтидои солҳои бистуми асри ХХ – раванди тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Миёна ва нақшу мавқеи рӯзномаи «Овози тоҷик» дар инъикоси паҳлуҳои гуногуни ин масъала мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

НАҚШИ ПУБЛИТСИСТИКА ДАР ТАШАККУЛИ АФКОРИ СОЗАНДА (Дар мисоли маводи нашрияи даврии «Адабиёт ва санъат» – 2020)

Мақола ҷанбаи илмию амалӣ дошта, дар он маводи публитсистии нашрияи даврии «Адабиёт ва санъат» дар соли 2020 таҳқиқу таҳлил шудааст. Раванди  ҷаҳонишавӣ, сар задани проблемаҳои глобалӣ, дар заминаи ғояҳои давлатдории замони муосир пеш бурдани ҳаёти иҷтимоӣ тақозо менамояд, ки нашрияҳои даврӣ ба таҳлилу баррасиҳои публитсистии воқеиятҳои муҳимми кишвариву ҷаҳонӣ эътибори хосса диҳанд.

АНЪАНАҲОИ ҶАШНИ САДА ДАР ПОМИР

Ин мақола аз ду бахш иборат буда, дар бахши аввал муаллиф дар бораи тақвими халқии «Офтоб дар мард» маълумот додааст, ки он то ба имрўз дар баъзе минтақаҳои Бадахшон маъмул мебошад. Онро тақвими марди шикорчӣ ҳам меноманд. Тибқи ин тақвим, офтоб аз нохуни по то ба мағзи сар ба тани мард ворид мешавад. Офтоб дар ҳар як узви бадан 2-3 рўз меистад. Он аввал ба нохуни мард ворид мегардад, ки он рўз баробар ба 31-уми январ аст ва мардум дар ин рўз ҷашни Хирпичорро таҷлил мекарданд. Хирпичор бо ҷашни Сада мувофиқ меояд. Вакте ки офтоб ба нишонаи зону расад, мардум онро Хирчизун номида, ҷашн мегирифтанд. Чун офтоб ба нишонаи дил дарояд Наврўз мешуд, ки ҷашни маъруфи ҷаҳонист.

ИФОДАИ НОМИ РАНГҲО ДАР ГУФТОРИ ҲУНАРМАНДОН

Ин мақола ба суннати номгузории рангҳо дар фарҳанги тоҷикон, махсусан, дар гуфтори ҳунармандон, бахшида шудааст. Дар лаҳҷаю шеваҳои забони тоҷикӣ баъзе рангҳо ва тобишҳои онҳо ба таври гуногун ва пурмуҳтаво инъикос шудаанд, ки омўзишашон ҳам аҳаммияти назариявӣ ва ҳам амалӣ дорад.

АКАДЕМИК А. А. СЕМЁНОВ – КИТОБШИНОС

Дар ин мақола доир ба оғози илмомўзӣ, давраи камолот, рушди таърихнигорӣ, фаъолияти китобшиносӣ ва китобдории академик А. А. Семёнов ба таври мухасар маълумот дода шудааст. Ҳамкории академик А.Семёнов бо Китобхонаи бунёдии донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (1920-1946) ва Китобхонаи Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон (1943-1950) ба таъсиси китобхонаи шахсии худи олим (соли 1954) асос гузоштанд.

Страницы

Theme by PiTfi