Вы здесь

МАЪЛУМОТ БАРОИ МУАЛЛИФОН Талабот нисбат ба мақолаҳои илмие, ки барои чоп ба маҷаллаи илмии «Паёмномаи фарҳанг» пешниҳод мегарданд

Дар маҷаллаи «Паёмномаи фарҳанг», асосан, мақолаҳои фарогирандаи таҳқиқотҳои илмӣ оид ба соҳаҳои фарҳанг, санъат, китобдорӣ, ахбори омма ва табъу нашр, ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра, ки дар худ навгонӣ доранд, чоп карда мешаванд.

Ҳамаи мақолаҳои илмие, ки барои чоп ба маҷалла пешниҳод мегарданд, бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд: а) мувофиқати сохти мақолаи илмӣ ба талаботи муқаррарнамудаи маҷалла; б) натиҷаи таҳқиқоти илмӣ будани мақола; в) мувофиқат намудани мавзӯи мақола ба яке аз самтҳои илмии маҷалла.

Мақолаҳое, ки дар матни онҳо маводи муаллифони дигар бе ишораи иқтибос истифода шудаанд, ба баррасии марҳилаҳои навбатӣ пешниҳод намегарданд ва ба чоп роҳ дода намешаванд.

Талабот нисбат ба таҳияи мақолаҳои илмӣ:

Матни мақола бояд дар формати Microsoft Word, бо ҳуруфи Times New Roman барои матнҳои русию англисӣ ва бо ҳуруфи Times New Roman Tj барои матни тоҷикӣ таҳия гардида, дар матн ҳаҷми ҳарфҳо 14, ҳошияҳо 2,5 см ва фосилаи байни сатрҳо бояд 1,5 мм бошанд.

Ҳаҷми умумии мақола бо формати А4 бо назардошти рӯйхати адабиёти истифодашуда ва аннотатсияҳо аз 10 то 12 саҳифаро бояд дар бар гирад.

Сохтори мақола бояд бо тартиби зерин таҳия гардад:

 – индекси ТДУ (индекси мазкурро аз дилхоҳ китобхонаи илмӣ дастрас намудан мумкин аст);

– насаб ва дар шакли ихтисор ном ва номи падар (намуна: Зубайдӣ А.М.);

– номи муассисае, ки дар он муаллифи мақола кору фаъолият менамояд;

– номи мақола;

– матни асосии мақола;

– рӯйхати адабиёти истифодашуда (на камтар аз 10 номгӯй ва на бештар аз 25 номгӯйи адабиёти илмӣ). Рӯйхати адабиёти истифодашуда бояд дар асоси талаботи ГОСТ 7.1-2003 ва ГОСТ 7.0.5-2008 таҳия гардад.

– номи мақола, аннотатсия ва калидвожаҳо бояд бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) таҳия гарданд. Аннотатсия дар ҳаҷми на камтар аз 25 сатр ва калидвожаҳо аз 8 то 10 адад бояд таҳия карда шавад;

– дар охири мақола бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) маълумот дар бораи муаллиф ва ё муаллифон бо тартиби зерин нишон дода шавад: насаб, ном ва номи падар (пурра), дараҷаи илмӣ ва унвони илмӣ (агар бошанд), номи муассисае, ки дар он муаллиф кору фаъолият менамояд, вазифаи ишғолнамуда, телефон, e-mail, нишонии ҷойи кори муаллиф.

Ҳангоми иқтибосоварӣ адабиёти истифодашуда ва саҳифаи мушаххаси он бояд дар қавси чаҳоркунҷа [ ] нишон дода шавад. Намуна: [4, с.25]. Яъне, манбаи иқтибос адабиёти №4 ва саҳифаи 25 мебошад.

Нақшаҳо, схемаҳо, диаграммаҳо ва расмҳо бояд рақамгузорӣ карда шаванд. Инчунин онҳо бояд номи шарҳдиҳанда дошта бошанд.

              Суроғаи мо: ш. Душанбе, хиёбони Н. Қарабоев, 17 (ошёнаи 2), ПИТФИ, шуъбаи воситаҳои ахбори омма ва табъу нашр. Тел.:(+992 37)233–84–58, murodi@mail.ru

Theme by PiTfi