published by admin on Sat, 03/14/2020 - 15:24
Дар ин мақола анъанаҳои лухтаксозӣ ва лухтакбозиҳои халқи тоҷик баррасӣ карда шудааст. Лўхтак дар фарҳанги умумии тоҷикон, пеш аз ҳама, бо ҳаёти инсон мувофиқ кунонида мешавад. Лўхтак ҳамчун образи инсон дар маросимҳои дафн, сур, урфу одатҳои тақвимӣ истифода мегардид ва ҳамчунин дар эътимодҳои мардум ва матнҳои фолклорӣ дида мешавад. Ҳамчунин муаллиф навъҳои анъанавии театрҳои лўхтаки тоҷикон – зочабозӣ ва чодархаёлро тавсиф намуда, зикр мекунад, ки ин анвои театр, асосан, байни сокинони шаҳрҳое чун Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истрафвшан паҳн гардида буд.
published by admin on Wed, 05/22/2019 - 16:35
Дар мақолаи мазкур ҳунарҳои дастии занона ва нақши технологияи инноватсионӣ дар рушд ва эҳёи онҳо сухан рафтааст. Ҳунармандон дар ҳама давру замон, хусусан дар замони муосир ба анъанаҳои қадимӣ тағйирот медароранд. Ин навоварию тағйирот бори дигар нишон медиҳад, ки касбу ҳунар бояд ҳамоҳанги замон бошад.
published by admin on Sun, 04/21/2019 - 15:21
Дар ин мақола нақш ва мавқеи адабиёти давраи истиқлолият баррасӣ ва нақши он дар баланд бардоштани фарҳанги шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст. Муаллиф аз рўи тавон ба ҳусну қубҳи адабиёти ин давра баҳо дода, мавқеъ ва эътибори шоиру нависандагонро дар давраи ҷаҳонишавӣ муайян кардааст.
Калидвожаҳо: истиқлолият, фарҳанг, адабиёт, адибон, ҷаҳонишавӣ, технологияи иттилоотӣ,масъалаҳо, масъулият.
published by admin on Sun, 04/21/2019 - 15:19
«Ҷаҳонкушои хоқон» ё «Таърихи шоҳ Исмоил» маҳсули қалами муаллифи номаълуми нимаи аввали асри XVI, аз минтақаи шимолу шарқии Эрон мебошад. Муаллиф худ шоҳиди бевоситаи ҳодисаҳои тасвирнамудааш аст, ки асари хешро дар миёни солҳои 948-955 ҳ.қ./ 1541 - 1548 иншо намудааст.
published by admin on Sat, 03/16/2019 - 15:16
Дар ин мақола муносибатҳои байниҳамии Тоҷикистон бо мамолики араб мавриди инъикос қарор гирифтааст. Муаллиф бо баррасии ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои ин кишварҳо ба натиҷа мерасад, ки дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муносибатҳо густариш ёфтанд, зеро яке аз самтҳои фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон барқарор ва густариши равобити иқтисодиву фарҳангӣ бо мамолики араб ба ҳисоб меравад.
Pages