Вы здесь

НАҚШИ ПУБЛИТСИСТИКА ДАР ТАШАККУЛИ АФКОРИ СОЗАНДА (Дар мисоли маводи нашрияи даврии «Адабиёт ва санъат» – 2020)

Мақола ҷанбаи илмию амалӣ дошта, дар он маводи публитсистии нашрияи даврии «Адабиёт ва санъат» дар соли 2020 таҳқиқу таҳлил шудааст. Раванди  ҷаҳонишавӣ, сар задани проблемаҳои глобалӣ, дар заминаи ғояҳои давлатдории замони муосир пеш бурдани ҳаёти иҷтимоӣ тақозо менамояд, ки нашрияҳои даврӣ ба таҳлилу баррасиҳои публитсистии воқеиятҳои муҳимми кишвариву ҷаҳонӣ эътибори хосса диҳанд.

«Адабиёт ва санъат» ҳамчун минбари эҷодкорони Тоҷикистон дар баробари инъикоси ҳаёти адабиву фарҳангӣ ба баррасии масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ низ таваҷҷуҳ менамояд. Инъикос ва баррасии масъалаҳои иҷтимоӣ дар ин нашрия, аслан дар ду шакл ба роҳ монда мешавад. Шакли аввал баррасиҳои бевосита аст, ки ба ин ё он проблемаи муҳимми рӯз иртибот мегирад. Шакли дуюм дар контексти мавзӯъҳои гуногуни фарҳангиву адабӣ ба баррасӣ кашидани масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ аст. 

Ба ин маънӣ, публитсистикаи нашрияи «Адабиёт ва санъат»-ро танҳо бо рубрикаи «Публитсистика» маҳдуд кардан саҳеҳ нест. Дар он зери рубрикаҳои гуногун масъалаҳои зиёде ба баррасӣ кашида шудаанд, ки оҳанги баланди иҷтимоӣ доранд, мақсадашон тарғиби ғояи пешқадам, рафтори наку, фикри солим, хислатҳои хуби инсонӣ ва тараннуми меҳнати созанда аст.

Дар мақола матолиби публитсистии нашрия мавриди пажӯҳиш тасниф гардида, вижагиҳои мавзӯӣ ва жанрии онҳо нишон дода шудааст. Аз таҳқиқу таҳлилҳо маълум гардид, ки нашрияи «Адабиёт ва санъат» дар инъикоси муҳимтарин масъалаҳои замони муосир, тарғиби сиёсати фарҳангии Ҳукумати кишвар, ибтикороту ташаббусҳои  Пешвои миллат дар роҳи осудагиву беҳдошти зиндагии мардум, ташаккули афкори созанда, намои чеҳраҳои илму адаб ва фарҳангу ҳунар аз имконоти жанрҳои публитсистӣ моҳирона баҳра бурдааст.

Муфассал нигаред: Муродӣ М.

"НАҚШИ ПУБЛИТСИСТИКА ДАР ТАШАККУЛИ

АФКОРИ СОЗАНДА" ПФ - Душанбе: Аржанг,2021-№1(53) -75 с.

Theme by PiTfi